Шубҳаи Тоҷикистон ба саҳеҳияти омори Русия оид ба муҳоҷирон

Раҳбарияти идораи омори Тоҷикистон ба саҳеҳияти маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия оид ба шумори шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави ин кишвар шубҳа мекунад. Директори Агентии омори назди президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода дар ин робита изҳор намуд, ки бо методикаи русиягии муайян кардани шумори муҳоҷирон розӣ шуда наметавонад. «Мо маълумоти омори Русияро муайян кардем. Тибқи ҳисобу китоби онҳо, […]

ASIA-Plus



Раҳбарияти идораи омори Тоҷикистон ба саҳеҳияти маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия оид ба шумори шаҳрвандони тоҷик дар қаламрави ин кишвар шубҳа мекунад.

Директори Агентии омори назди президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода дар ин робита изҳор намуд, ки бо методикаи русиягии муайян кардани шумори муҳоҷирон розӣ шуда наметавонад. «Мо маълумоти омори Русияро муайян кардем. Тибқи ҳисобу китоби онҳо, вақте шахс ба ин кишвар меояду баъди се моҳ онро тарк мекунад ва боз ворид мешавад, тибқи кортҳои муҳоҷират якчанд нафар шуморида мешавад», – гуфт ӯ.

Гулнора Ҳасанзода бар ин назар аст, ки дар қаламрави Русия ин қадар шумори муҳоҷирони тоҷик, ки дар бораи он маълумоти расмии Русия хабар медиҳад, ҳузур надоранд. «Ин рақамҳои ғайривоқеъианд», – афзуд ӯ.

Бино ба

маълумоти

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 5 ноябри соли 2015 дар қаламрави Русия 935 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштаанд, ки ҳудуди 775 ҳазор нафарашонро мардон ва 160 ҳазор нафарашонро занон ташкил медодаанд.

Дар муқоиса бо аввали сол (беш аз 999 ҳазор нафар) шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия 64 ҳазор нафар кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, давоми 8 моҳи соли равон ҳудуди 430 ҳазор нафар шаҳрвандон аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9,3% ё худ 28 ҳазору 676 нафар камтар аст.

«Коҳиши сатҳи муҳоҷирати корӣ ба вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия тариқи шиносномаҳои хориҷӣ аз 1 январи соли 2015 ва ворид шудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Русия дар самти фаъолияти муҳоҷирони кории кишварҳои хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар марбут аст», – изҳор медоранд дар Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.