Шойгу гунаҳкорони суқути ҳавопаймои А321-ро номбар кард

Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу иттилоъ додааст, ки дар садамаи ҳавопаймои мусофирбари русиягии А321 дар нимҷазираи Синай гурӯҳи террористии «Вилояти Синай» гунаҳкор аст, ки яке аз филиалҳои «Давлати исломӣ» мебошад. Хабаргузории РИА Новости меависад, зимни мулоқоти рӯзи сешанбе бо президенти Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сиси дар Қоҳира ӯ изҳор доштааст, ки «боиси нигаронист, ки аллакай муддати […]

ASIA-Plus



Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу иттилоъ додааст, ки дар садамаи ҳавопаймои мусофирбари русиягии А321 дар нимҷазираи Синай гурӯҳи террористии «Вилояти Синай» гунаҳкор аст, ки яке аз филиалҳои «Давлати исломӣ» мебошад.

Хабаргузории

РИА Новости

меависад, зимни мулоқоти рӯзи сешанбе бо президенти Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сиси дар Қоҳира ӯ изҳор доштааст, ки «боиси нигаронист, ки аллакай муддати як сол дар нимҷазираи Синай филиали Давлати исломӣ – ба ном «Вилояти Синай» амал мекунад, ки ба қатли садҳо бегуноҳон бо шумули шаҳрвандони Русия дар ҳавопаймо даст дорад». «Дар мубориза бо ин созмони террористӣ ба ҳамкории густарда бо Миср омодаем», – гуфтааст ӯ.

Бино ба иттилои

МИР24

, вазири мудофиаи Русия ҳамчунин зикр кардааст, ки «амали терористӣ дар ҳавопаймои Русия ва мавҷи ҳамлаҳои чанде қабл дар Парижу Бейрут ва Анқара рухдода, ҳамчунин хавфи содир шудани амалҳои террористӣ дар дигар кишварҳо гувоҳи онанд, ки терроризм натанҳо ба минтақаи Шарқи Наздику Африқои Шимолӣ, балки барои тамоми ҷаҳон хатар эҷод мекунад.

Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои мусофирбари навъи А321-и ширкати «Когалимавиа»-и Русия рӯзи 31 октябр баъди 23 дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи Шарм-у-Шейх ба самти шаҳри Санкт-Петербург ба садама дучор шуда, пораҳои аз ҳам ҷудошудаи он дар масофаи тӯлонии нимаҷазираи Синай сарозер шуданд.

Масъулияти ин амали террористиро, ки бар асари он 224 нафар ба ҳалокат расиданд, созмони террористии «Давлати исломӣ» ба дӯш гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.