Убайдуллоев: Асъори хориҷӣ натанҳо аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулӣ ворид мешавад

Муовини сардори Раёсати молияи дастгоҳи президенти Тоҷикистон Амирҷон Убайдуллоев бар ин назар аст, ки асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон натанҳо аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулӣ, балки аз ҳисоби содироти хушкмева низ ворид мешавад. Зимни суханронӣ дар маросими муаррифии гузориши минтақавии иқтисодии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Душанбе ӯ қайд кард, ки соли 2014 аз ҳисоби содироти […]

ASIA-Plus



Муовини сардори Раёсати молияи дастгоҳи президенти Тоҷикистон Амирҷон Убайдуллоев бар ин назар аст, ки асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон натанҳо аз ҳисоби интиқоли маблағҳои пулӣ, балки аз ҳисоби содироти хушкмева низ ворид мешавад.

Зимни суханронӣ дар маросими муаррифии гузориши минтақавии иқтисодии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Душанбе ӯ қайд кард, ки соли 2014 аз ҳисоби содироти хушкмева ба Тоҷикистон 1,4 млрд. доллари ИМА ворид шудааст.

Убайдуллоев таъкид дошт, ки коҳиши арзиши алюминий ва пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба иқтисоди кишвар як таъсири муайяне расониданд, аммо айни замон Тоҷикистон натанҳо ба содироти алюминий ва пахта, балки ба дигар навъи маҳсулот низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.

Ба андешаи Убайдуллоев, феълан аломатҳои муайяни барқарор шудани иқтисоди кишвар ба мушоҳида мерасанд. Ӯ чунин мешуморад, ки «ҳукумати ҷумҳурӣ роҳи дурустро интихоб кардааст».

«Барои мо идомаи амалисозии тамоми ислоҳоти пешбинишуда зарур аст. Дар ин самт мо таҷрибаву имконоти муайяне дорем ва умедворем, ки ҳамаи мушкилотро паси сар карда метавонем», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.