Муовини раиси ҲХДТ сафҳои ҳизбро тарк мекунад


Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, ки санаи 24 ноябр бо қарори ҳукумат муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон таъин шуд, сафҳои ин ҳизбро тарк мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲХДТ дар ин робита иттилоъ дод, мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, кормандони сохторҳои қудратӣ ба узвият дар сафи аҳзоби сиёсӣ ҳуқуқ надоранд ва бо назардошти ин талабот, Асрор Латифзода аз сафҳои ҲХДТ хориҷ мешавад.

Асрор Латифзода 10 марти соли 1962 дар Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Академия хизмати давлатии назди президенти Русия.

Фаъолияти меҳнатиашро баъдихатми Донишгоҳи аграрӣ солҳои 1984-1987 ҳамчун корманди хурди илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолоти кишоварзии Тоҷикистон оғоз карда, солҳои 1987 -1991 ба кори ҳизбӣ гузаштааства вазифаҳои мудири шӯъбаи ташкилӣ, котиби дуюм, котиби аввали комитети комсомолии ноҳияи Фрунзе(Сино) – и шаҳри Душанбе, котиби якуми комсомол ва Раиси Шӯрои иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе ба зимма дошт.

Ааз соли 1992 то соли 2001 дар вазифаҳои муовин, муовини аввали Раиси Шӯрои Марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо   кор карда, аз соли 2001 то соли 2008 ба ҳайси Раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори КВД «Сайёҳ»- и Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати Хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи майи соли 2008 дар вазифаи мудири Шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. 26 декабри соли 2009 дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардид. 13 декабри соли 2014 дар Анҷумани XII ҲХДТ аз нав муовини Раиси ҲХДТ интихоб гардид.

Бо Ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардонида шуда, Аълочии фаранги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 260 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное