Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси амояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи тасдиқи Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки ин Шартномаа 15 сентябр зимни сафари расмии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ба имзо расида буд. Айни замон Тоҷикистон бо Русия ва Чин Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ ба имзо расонидааст.
«Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон ҳамчунин масоили марбут ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи алоқаи электрикӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи сабт асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноии ҶТ низ мавриди умҳокима қарор мегиранд», – гуфт котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов.
Ба гуфтаи ӯ, ғайр аз ин, аъзои Шӯрои парлумон имрӯз лоиҳаи Дурнамои сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон дар соли 2016-ро низ баррасӣ мекунанд.



