«Истиқлол» бори панҷум ба дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон шарафёб гардид

Қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015 бар тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар силсилдаи зарбҳои 11-метра дастболо шуда, бори панҷум ба ин ҷоиза шарафёб гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вақти асосии бозии финалӣ ҳисоб кушода нашуда, қисмҳои иловагӣ мусовӣ 2 бар 2 анҷом […]



Қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015 бар тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар силсилдаи зарбҳои 11-метра дастболо шуда, бори панҷум ба ин ҷоиза шарафёб гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вақти асосии бозии финалӣ ҳисоб кушода нашуда, қисмҳои иловагӣ мусовӣ 2 бар 2 анҷом ёфтаанд ва дар силсилаи зарбаҳои 11-метра душанбегиҳо бо ҳисоби 6 бар 5 ғолиб омадаанд.

Бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистн-2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳузури 3500 нафар мухлисон доир гардид. Нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Нуриддин Давронов бозигари беҳтарини ин вохӯрӣ дониста шуд.

Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон АҳтамАбдуллозода ба капитани дастаи «Истиқлол» Дилшод Восиев Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015-ро тақдим намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.