Рӯзи 30 ноябри соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар чорабиние, ки сафорати Фаронса дар шаҳри Душанбе бахшида ба ёдбуди Карин Манн баргузор намуд, ширкат варзида, дар назди лавҳаи ёдгории ӯ (дар кӯчаи Карин Манни шаҳри Душанбе) гулчанбар гузошт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, шаҳрванди Фаронса Карин Манн собиқ масъули ташкилоти ғайриҳукуматии “Духтурон бидуни марз” аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша ба гарав гирифташуда, 30 ноябри соли 1997 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.
Гуфта мешавад, баъд аз марги Kaрин Манн Марказе, ки моҳи июни соли 1997 дар назди Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд, «Маркази роҳнамоии касбии кӯдакон» ба номи Карин Манн номида шуд ва ин ташкилот зиёда аз 17 сол барои манфиати кӯдакони осебпазир фаъолият мекунад.
Зимнан зикр мегардад, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Карин Манн номида шудааст. Дар моҳи июни соли 2007 ба муносибати 10-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Карин Манн бо ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.





