Поси хотири шаҳрванди аз дасти террористон ҳалокшудаи Фаронса дар Душанбе

Рӯзи 30 ноябри соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар чорабиние, ки сафорати Фаронса дар шаҳри Душанбе бахшида ба ёдбуди Карин Манн баргузор намуд, ширкат варзида, дар назди лавҳаи ёдгории ӯ (дар кӯчаи Карин Манни шаҳри Душанбе) гулчанбар гузошт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, шаҳрванди Фаронса Карин Манн собиқ масъули […]

ASIA-Plus



Рӯзи 30 ноябри соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ дар чорабиние, ки сафорати Фаронса дар шаҳри Душанбе бахшида ба ёдбуди Карин Манн баргузор намуд, ширкат варзида, дар назди лавҳаи ёдгории ӯ (дар кӯчаи Карин Манни шаҳри Душанбе) гулчанбар гузошт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, шаҳрванди Фаронса Карин Манн собиқ масъули ташкилоти ғайриҳукуматии “Духтурон бидуни марз” аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша ба гарав гирифташуда, 30 ноябри соли 1997 дар шаҳри Душанбе кушта шуд.

Гуфта мешавад, баъд аз марги Kaрин Манн Марказе, ки моҳи июни соли 1997 дар назди Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд, «Маркази роҳнамоии касбии кӯдакон» ба номи Карин Манн номида шуд ва ин ташкилот зиёда аз 17 сол барои манфиати кӯдакони осебпазир фаъолият мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи Карин Манн номида шудааст. Дар моҳи июни соли 2007 ба муносибати 10-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Карин Манн бо ордени «Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.