Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия қазияи шаҳрванди 20-солаи кишвар А. Хоҷақуловро, ки ахиран аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Москва боздошт шудааст, пайгирӣ дорад ва бар он аст, ки ин ҳодиса бояд барои дигарон дарси ибрат бишавад.
Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Россия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ медиҳад, сокини ноҳияи Ҷиликӯли Тоҷикистон А. Хоҷақулов ҳангоми ворид шудан ба бинои фурудгоҳи Внуковои Москва, ки барои гусели яке аз ҳамроҳонаш ба Тоҷикистон омадааст, ҳини гузаштан аз дастгоҳи назоратӣ, як шӯхии бемаънӣ ва ноҷо кардааст, ки ҳоло сахт пушаймон аст.
Ба саволи ҷавонзандухтарон – кормандони назоратии фурудгоҳ, ки ҷиҳати таъмини амният бору бағочи мусофиронро аз назар мегузаронанд: “Дар ҷайбатон чӣ доред?”, ӯ шӯхимомез ҷавоб додааст, ки “Бомба дорам”. Ҳатто ҳангоми такроран дубора пурсидан низ чунин ҷавоб додааст.
«Бинобар ин, ҳолат масъулини фурудгоҳ аз рӯйи тартиботи ҷорӣ амал намуда, дар ҷояш ин ҷавонро дастгир намудаанд. Ҳоло бино бар маълумоте, ки мо дорем, аз болои ин ҳодиса дар асоси моддаи 207 қисми 1 Кодекси ҷиноии ФР парванда боз шудааст ва номбурдаро ба боздоштгоҳ бурдаанд», – қайд мешавад дар маълумоти ӯ.
Сардори шуъбаи тафтишотии пулиси фурудгоҳи Внуково Аиша Новикова дар суҳбат ба масъулини сафорат гуфтааст, ки тафтишот ҳанӯз идома дорад ва бояд муайян кунад, ки кадом сабабҳои воқеии ин рафтори ҷавони тоҷик мавҷуданд, ки ба содир намудани ин ҷиноят оварда расондаанд. Хонаводаи ҷавон аллакай муҳофизгар гирифтаанд ва умедворанд, ки тафтишот муайян мекунад, ки ҳарфҳои гуфтаи писарашон шӯхиомез буданд.
Таъкид мешавад, ки набояд фаромӯш кард, ки «шӯхӣ ва хабари бардурӯғ», ки амнияти ҷамъиятиро зери хатар мебарад, дар асоси Қонун ҷавобгарӣ дорад.
Дар идома таваҷҷуҳ ба Кодекси ҷиноии ФР тавсия мешавад: «УК РФ, Статья 207. Заведомо ложное сообщение об акте терроризма.
1. Заведомо ложное сообщение о готовящихся взрыве, поджоге или иных действиях, создающих опасность гибели людей, причинения значительного имущественного ущерба либо наступления иных общественно опасных последствий, – наказывается штрафом в размере до двухсот тысяч рублей или в размере заработной платы или иного дохода осужденного за период до восемнадцати месяцев, либо обязательными работами на срок до четырехсот восьмидесяти часов, либо исправительными работами на срок от одного года до двух лет, либо ограничением свободы на срок до трех лет, либо принудительными работами на срок до трех лет, либо арестом на срок от трех до шести месяцев, либо лишением свободы на срок до трех лет. (в ред. Федерального
закона
от 07.12.2011 N 420-ФЗ).
«Бинобар ин, мо бар ин назарем, ки ин ҳодиса бояд барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия, бахусус ҷавонону наврасони муҳоҷирони меҳнатӣ, ки саводи казоии ҳуқуқӣ надоранд, дарси ибрат бишавад. Дар чунин замони ҳассос, ки дунё аз падида ва ҳаводиси террористӣ дар ларза аст, чунин шӯхиҳои бемаънӣ ва ноҷо оқибатҳои сангин хоҳад дошт», – омадааст дар маълумоти намояндаи расмии сафорат.





