Боздошти тоҷикистониён дар Беларус зимни азми сафар ба Аврупо тариқи дарё

Чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нуқтаи гузаргоҳро сарфи назар намуда, кӯшиш кардаанд, ки дарёи наздимарзии Буги Ғарбӣ (Западный Буг)-ро убур намуда, ба Лаҳистон (Полша) гузаранд. Бино ба иттилои Брестсити, рӯзи 29 ноябр баъди ба кор омадани маҷмааи огоҳкунӣ, дар назди соҳили дарё 2 ҷавон ва 2 духтар боздошт шудаанд, ки дар борхалтаашон чизҳои шахсӣ ва 400 […]

ASIA-Plus



Чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нуқтаи гузаргоҳро сарфи назар намуда, кӯшиш кардаанд, ки дарёи наздимарзии Буги Ғарбӣ (Западный Буг)-ро убур намуда, ба Лаҳистон (Полша) гузаранд.

Бино ба

иттилои

Брестсити, рӯзи 29 ноябр баъди ба кор омадани маҷмааи огоҳкунӣ, дар назди соҳили дарё 2 ҷавон ва 2 духтар боздошт шудаанд, ки дар борхалтаашон чизҳои шахсӣ ва 400 доллари ИМА доштаанд.

Онҳо, ки аз 18 то 20 сол доштаанд, бо мақсади дарёфти шароити беҳтари зиндагӣ дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо, ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур карданӣ будаанд. Дар он ҷо онҳо ба кумаки хешону наздиконашон, ки дар Олмон иқомат доштаанд, умедвор будаанд.

«Акнун фирориёнро лозим аст, ки нақшаҳояшонро дар тавқифгоҳи муваққатии гурӯҳи марзбонон бозбинӣ кунанд, зеро барои амалҳои аз ҷониби онҳо содиршуда ҷазои маъмурӣ дар шакли истирдод ба муҳлати 5 сол пешбинӣ мешавад», – омадааст дар маълумоти хабаргузорӣ.

Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз 10 километр дуртар аз сарҳад, дар мавзеи маҳаллаи аҳолинишини Струст барои бидуни ҳуҷҷати дахлдор ҳузур доштан дар минтақаи наздимарзӣ марзбонон 3 шаҳрванди Гурҷистонро боздошт намудаанд. Як рӯз қабл барои сохтакорӣ дар маълумоти шиноснома шаҳрванди Ӯзбекистон низ боздошт шудааст.

Қобили зикр аст, ки дарёи Буги Ғарбӣ (Западный Буг) рӯдхонаест дар минтақаи Аврупои Шарқӣ, дар қаламрави Украина, Беларус ва Лаҳистон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.