«Насими Исфара» акнун бо радио ҳам дастрас аст

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара – газетаи «Насими Исфара» шабакаи радиои худ дар Интернетро фаъол намуд. Сардабири газетаи «Насими Исфара» Абдумуталиб Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки акнун хабару рӯйдодҳо дар бораи шаҳри Исфараро метавон дар интернет тавассути шабакаи радиоии ҳамном бо суроғаи http://nasimi-isfara-.podster.fm/ дарёфт намуд. Ҳайати эҷодии газета ояндаи […]

Баҳром Файзуллоев



Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара – газетаи «Насими Исфара» шабакаи радиои худ дар Интернетро фаъол намуд.

Сардабири газетаи «Насими Исфара» Абдумуталиб Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки акнун хабару рӯйдодҳо дар бораи шаҳри Исфараро метавон дар интернет тавассути шабакаи радиоии ҳамном бо суроғаи

http://nasimi-isfara-.podster.fm/

дарёфт намуд. Ҳайати эҷодии газета ояндаи наздик ният дорад, ки шабакаи телевизионии худро низ дар Интернет боз кунад. 

Қобили зикр аст, ки қаблан газета дар Интернет ва шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твиттер саҳифаҳои худро боз намуда буд, ки ин ба саривақт дастрас гардидани хабарҳо аз минтақа натанҳо барои сокинони ҷумҳурӣ, балки ба шаҳрвандони дар муҳоҷирати корӣ қарордошта низ имкон медиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.