Кумаки ИМА ба Агентии амнияти ядроӣ ва Хадамоти гумрук

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳад ба ҳукумати ҷумҳурӣ чор мошини роҳпаймо тақдим намуд. Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, мошинҳои мазкур барои вокуниш ба ҳодисаҳои қочоқи маводи ядроӣ истифода хоҳанд шуд. Ду мошин ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва дутои дигараш ба Хадамоти гумрук […]

Иттилоияи расмӣ



Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳад ба ҳукумати ҷумҳурӣ чор мошини роҳпаймо тақдим намуд.

Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, мошинҳои мазкур барои вокуниш ба ҳодисаҳои қочоқи маводи ядроӣ истифода хоҳанд шуд. Ду мошин ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва дутои дигараш ба Хадамоти гумрук таъин шудааст. Мошинҳои мазкур имконияти вокуниши зудамалро дар ҳолати бонги хатари ядроӣ дар ҳар гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистон фароҳам овардааст.

Гуфта мешавад, барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳад барои баланд бардоштани иқтидори кишварҳои шарик ҷиҳати ошкору ҷилавгирӣ кардан ва тафтишу таъқиб намудани интиқоли ғайрқонунии силоҳи қатли ом, мавод барои истеҳсоли он ва яроқи муқаррарӣ кӯмак мерасонад.

Зимнан зикр мегардад, ки сафорати ИМА дастгириро ба ҳукумати Тоҷикистон тавассути шарикӣ бо агентиҳои ИМА ҷиҳати таъмини таҷҳизоти муосир, давраҳои омӯзишӣ ва такмили инфрасохтор идома хоҳад дод. Васоити нақлиёте, ки имрӯз аз ҷониби сафорати ИМА тақдим шуданд, иқтидори ҳукумати Тоҷикистонро баҳри таъмини амнияти сарҳадӣ хеле баланд хоҳад бардошт.

Қобили зикр аст, ки мошинҳои мазкур яке яз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошанд, ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз номи мардуми Амрико татбиқ мекунад. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 1 миллиард долларро ба барномаҳои гуногуни кӯмакрасон барои дастгирии рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон чудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.