Баррасии лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии кишвар дар парлумон



Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон дар соли 2016 баррасӣ мешавад.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласа масъалаи марбут ба тасдиқи Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия,  дар бораи Моддаҳои Созишномаи Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ низ мавриди муҳокимаи вакилон қарор мегирад.

Зимнан зикр гардид, ки вакилон имрӯз ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ» ва тағйироту илова ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро низ баррасӣ мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное