Дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо

Субҳи рӯзи 1 декабр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйири иқлим ҷиҳати вохӯрию мулоқот бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ аз Франсия ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, […]

ASIA-Plus



Субҳи рӯзи 1 декабр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйири иқлим ҷиҳати вохӯрию мулоқот бо роҳбарияти олии Иттиҳоди Аврупо ва Комиссияи Аврупо, инчунин намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ аз Франсия ба шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Эмомалӣ Раҳмон бо

Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск

мулоқот карда, зимни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин бо

Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ

мулоқот карда, дар ҷараёни дидору гуфтушунид масоили рушду густариши муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.

Дар шаҳри Брюссел Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо

Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер

дидору гуфтушунид анҷом дода, дар мулоқот масоили рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи Аврупо баррасӣ гардид.

Шоми ҳамин рӯз сарвари давлати Тоҷикистон бо

Ноиби Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Вилҳелм Молтерер

мулоқот карда, ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро вобаста ба рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф, тандурустӣ, фаъолияти бонкӣ,  ҳифзи муҳити зист ва ҷалби сармояи Бонки аврупоии сармоягузориро дар соҳаҳои ҷустуҷӯ, истеҳсол ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ баррасӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.