Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар мавзӯи «Журналистон ва Ҳуқуқи Низоъҳои Мусаллаҳона» семинар барпо мекунад. Оғоз соати 09-00 дар дафтари кории КБСС бо суроғаи: гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Н.Муҳаммад х. 6а.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

6.7439

сомонӣ;


1

евро –

7.1512

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.10


50



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1997

– Дар Душанбе зимни амалиёти хадамоти махсус роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша Ризвон Садиров нобуд карда шуд.


2002

— Миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд дар бораи шарикӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ созишнома ба имзо расид.


2010

— Дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи Ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) дар бораи ҳамлу нақли фаромарзии одамон, воситаҳои нақлиёт ва молҳо созишнома имзо шуд.


1908-1974

– Зодрӯзи нависанда, драматург ва тарҷумон, муаллифи песаву фелетон ва ҳикояҳои сершумор Самад Ғанӣ.


1918

– Мавлуди ҳунарманди театр Хайрӣ Усмонова.


1938

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Ҳамдам Рафиев, солҳои тӯлонӣ директори Омӯзишгоҳи тиббии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.


1948

– Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актрисаи театр Шарофат Рашидова.


1950

– Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдулҳафиз Азизов.


1964

– Мавлуди адабиётшинос Боймурод Шарифзода.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +5+10.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +13+18.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -3-8.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +8+13. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +16+18.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +16+18.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +8+10.

spot_imgspot_img

Популярное