Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар нишасти пленарии Иҷлоси 22-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар шаҳри Белгради Ҷумҳурии Сербия 3 декабри соли 2015 оғоз гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ дар иҷлос С. Аслов мавқеи Тоҷикистонро роҷеъ ба нуктаҳои мубрами рӯзномаи САҲА, аз ҷумла нақши Созмон дар ҳалли қазияи Украина, масъалаҳои марбут ба ислоҳоти ниҳодҳои САҲА, зарурати талошҳои муштараки кишварҳои ширкаткунадаи САҲА дар мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва одамон, таҳкими амният дар Афғонистон, инчунин роҳандозии муколамаи баробар миёни кишварҳои ширкаткунандаи САҲА ироа намуд.



