Поси хотири ҷанговарони тоҷики фавтида дар муҳорибаи назди Маскав

Ба муносибати 74-умин солгарди ҳуҷуми ҷавобии артиши шӯравӣ дар муҳорибаи назди Маскав, ки дар он дар қатори дигар намояндагони халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бригадаҳои аскарони савора (кавалерӣ) аз Тоҷикистон низ иштирок карда буданд ва поси хотири ҷанговарони дар он ҳалокшуда, субҳи рӯзи шанбе (соати 09-00), 5 декабр дар пояи Гулхани абадӣ дар Боғи Ғалабаи пойтахт маросими […]

ASIA-Plus



Ба муносибати 74-умин солгарди ҳуҷуми ҷавобии артиши шӯравӣ дар муҳорибаи назди Маскав, ки дар он дар қатори дигар намояндагони халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бригадаҳои аскарони савора (кавалерӣ) аз Тоҷикистон низ иштирок карда буданд ва поси хотири ҷанговарони дар он ҳалокшуда, субҳи рӯзи шанбе (соати 09-00), 5 декабр дар пояи Гулхани абадӣ дар Боғи Ғалабаи пойтахт маросими гулчанбаргузорӣ ва ҷамъомад доир мегардад.

Аз Маркази илму фарҳанги Русия ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ поси хотири ҷанговарони тоҷик аст, ки дар яке аз муҳорибаҳои шадид ва хунрези Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷони худро аз додаанд.

Дар чорабинӣ намояндагони ҳукумати шаҳри Душанбе, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ – ҷанговарони тоҷик, кормнадони сафорати Русия дар Тоҷикистон, намояндагони сафоратҳои кишварҳои узви ИДМ, намояндагони Россотрудничество дар Тоҷикистон, ҳайати фармондеҳӣ ва хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, гурӯҳи ҷустуҷӯии «Память-201», ҳайати фармондеҳии Гурӯҳи мушовирони Русия оид ба масоили марзии Хадамоти федералии амнияти Русия дар ҶТ, Кумита оид ба корҳои ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон, Щӯрои ҷумҳуриявӣ ва шаҳрии собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони ташкилотҳои ҳамватанони русиягӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони ВАО-и маҳаллӣ ва русиягӣ иштирок мекунанд.

Дар доираи баргузории чорабинии мазкур сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба тоҷикистониён – иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳои идона бахшида ба 70-умин солгарди Ғалабаи мардуми шӯравӣ дар Ҷанги Бзуруги Ватанӣ ифтихорномаҳо тақдим хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.