Дастгирии ИМА аз форуми шахсони гирифтори ВНМО

Ҳукумати ИМА тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Иттиҳодияи Осиёи Марказии шахсони гирифтори вируси норасоии масунияти одам (ИОМ ШВНМО) аз дуввумин форуми минтақавии шахсони гирифтори ВНМО, ки аз 3-ум то-5-уми декабри соли 2015 дар ш. Душанбе  бо мақсади дастгирӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори ташкилотҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, даъват ба […]



Ҳукумати ИМА тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва Иттиҳодияи Осиёи Марказии шахсони гирифтори вируси норасоии масунияти одам (ИОМ ШВНМО) аз дуввумин форуми минтақавии шахсони гирифтори ВНМО, ки аз 3-ум то-5-уми декабри соли 2015 дар ш. Душанбе  бо мақсади дастгирӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори ташкилотҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, даъват ба амал овард.

 

Тавре аз сафорати ИМА дар ҶТ хабар доданд, б

о мақсади боз доштани паҳншавии ВНМО дар Осиёи Марказӣ, огоҳии ҷамъиятиро дар бораи ин беморӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои шахсони гирифтори ВНМО баланд бардошта, нисбат ба стигма(доғи нанг) бояд вокуниши шадид нишон дод.

Форуми мазкур ба баргузор намудани муколама ва мубодилаи таҷриба миёни ташкилотҳо дар доираи чораҳои пешгирикунанда; бартараф кардани стигма (табъиз) ва поймолкунии ҳуқуқҳои шахсони гирифтори ВНМО; муайян намудани афзалиятҳои ҳамкории байниминтақавӣ бо шабакаҳои ШВНМО, беҳтар намудани дастрасии иттилоотӣ ба барномаҳои пешгирикунандаи ВНМО ва дастгирӣ намудани шахсони гирифтори ин беморӣ мусоидат намуда, механизми шарикӣ ва ҳамкориро миёни ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар самти ВНМО фаъолият мекунанд, таҳия менамояд.

Бо суханони ифтитоҳӣ Кордори Сафорати ИМА хонум Лесли Ҳэйден ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷафаров ба форуми мазкур ҳусни оғоз бахшиданд.  Хонум Ҳэйден аз оқибатҳои харобкунандаи сирояти ВНМО, ки ба шахсони алоҳида ва хонаводаи онҳо, инчунин ба рушди иқтисодиву иҷтимоии мамолики дунё таъсир расонидаанд зикр намуда, барои дастгирии шахсони гирифтори ВНМО даъват ба амал овард. .

Бардошт аз нахустин тадқиқот «Нишондиҳандаи аломати махсус (стигма)» эълон гардида, ҳадафҳои Барномаи  СММ оид ба ВНМО/БПНМ  (ЮНЭЙДС) «90-90-90» ва масоил марбут ба табобати мақсаднок ҷиҳати боз доштани паҳншавии ВНМО тавассути таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои таббӣ ва пешгирӣ аз ҷониби иштирокчиён таҳти баррасӣ қарор гирифтанд.  То соли 2020 90 фоизи шахсони гирифтори ВНМО аз воқеияти сирояти худ воқиф хоҳанд шуд; 90 фоизи сироятшавандагони ВНМО таҳти муолиҷаи устувори зиддиретровирусӣ қарор хоҳанд гирифт; ва аз 90 фоизи шахсони таҳти муолиҷаи зиддиретровирусӣ қарор гирифта , имкони рушди вирус коҳиш хоҳад ёфт.  

Дар форуми мазкур намояндагон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, оҷонсиҳои СММ, ташкилоти «Фонди ВНМО Шарқ-Ғарб» иштирок карданд.

Лоиҳаи «Пешсафи шахсони гирифтори ВНМО» яке аз лоиҳаҳое мебошад, ки аз ҷониби халқи Амрико тавассути USAID дастгирӣ шудааст.  USAID агентии пешбари ҳукумати Амрико ба ҳисоб рафта, дар якҷоягӣ бо халқи Осиёи Марказӣ рушду равнақи иҷтимоӣ ва иқтисодиро таъмин менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.