AFC Парвиз Муртазоевро якумра аз ҳаққи доварӣ маҳрум кард

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) довари тоҷик Парвиз Муртазоевро барои ҳамешагӣ аз машғул шудан ба фаъолияти доварӣ дар бозиҳои футбол маҳрум кард. Бино ба иттилои сомонаи расмии AFC, Парвиз Муртазоев барои даст доштан дар дахолат бо мақсади таъсир расонидан ба натиҷаи бозии қаҳрамонии Осиё-2015 миёни дастаҳои то 19-солаи Тоҷикистон ва Малдив, ки санаи 6 октябри соли […]

ASIA-Plus



Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) довари тоҷик Парвиз Муртазоевро барои ҳамешагӣ аз машғул шудан ба фаъолияти доварӣ дар бозиҳои футбол маҳрум кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии AFC, Парвиз Муртазоев барои даст доштан дар дахолат бо мақсади таъсир расонидан ба натиҷаи бозии қаҳрамонии Осиё-2015 миёни дастаҳои то 19-солаи Тоҷикистон ва Малдив, ки санаи 6 октябри соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардид, гунаҳкор дониста шудааст.

П.Муртазоев дар ин вохӯрӣ ба ҳайси ҳамоҳангсоз фаъолият намуда, кӯшиш кардааст, ки бо сардовари бозӣ забон як карда, ӯро ба иҷрои мақсади худ водор созад, вале сардовар розӣ нашуда, аз ин хусус мақомоти дахлдорро огоҳ кардааст. Қаблан П.Муртазоев аз ҷониби Кумитаи интизоми AFC муваққатан аз доварӣ дар бозиҳо барканор шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.