Ифтитоҳи боз як муассисаи томактабии муосир дар пойтахт

Субҳи рӯзи 6 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии Зебунисоро ифтитоҳ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи наву замонавӣ 7 июни соли 2012 оғоз гардида, он соли 2015 пурра бунёд […]

ASIA-Plus



Субҳи рӯзи 6 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии Зебунисоро ифтитоҳ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи наву замонавӣ 7 июни соли 2012 оғоз гардида, он соли 2015 пурра бунёд карда шуд.

Муассисаи мазкур барои 150 нафар дар як баст сохта шуда, дар он 35 нафар, аз ҷумла мураббияҳо, табибон ва дигар кормандони соҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Масоҳати умумии муассисаи хусусии томактабӣ 2350 метри мураббаъ буда, барои бунёди он фармоишгар – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Континент  – инвест 3 миллиону  500 ҳазор сомонӣ сарф кардааст.

Дар муассисаи томактабии хусусии Зебунисо 7 утоқ, аз ҷумла синфхонаи таълимӣ, барои машғулиятҳои эҷодӣ, ҷойи машқи бадан ва ҳавзи шиноварӣ, ошхона ва бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар муассисаи томактабӣ хонаи махсус бо камераҳои назоратӣ омода шудааст, ки волидон метавонанд ба воситаи он аз ҷараёни таълиму тарбияи фарзанди хеш шинос шаванд.

Муассисаи мазкур дар қисми поёнии ду бинои нави 12 ошёна ҷойгир аст ва ин бино аз ҷониби сохтмончиёни Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Фаровон – сохтмон бунёд шудааст.

Дар вақти шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия ва истироҳати кудакон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои арзанда дода, ин иқдоми соҳибкорони ватаниро амали хубе барои ободкорию созандагӣ, ба тарбия фаро гирифтани насли оянда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маънидод кард.

Президенти мамлакат таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати кӯдакон ҳануз аз синни хурдӣ бояд чунин муассисаҳои томактабӣ бештар таъсис дода шавад.

Кормандони Муассисаи томактабии хусусии Зебунисо ва кудакони хушиқболи даврони соҳибистиқлолӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ин туҳфаи арзанда изҳори сипос карданд.

Баъди ифтитоҳи муассисаи томактабӣ дар ҳаминҷо муаррифии лоиҳаҳои дар пойтахт бунёдшаванда доир гардид. Ба Сарвари давлат лоиҳаҳои муассисаҳои типи нави томактабӣ намоиш дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.