Вохӯрии С.Аслов бо вазири корҳои хориҷии Олмон ва дабири кулли САҲА



Дар ҳошияи иҷлоси 22-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Белград(Сербия) вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Волтер Штайнмайер дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо авлавиятҳои Олмон дар давраи раёсаташ дар САҲА дар соли 2016, инчунин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2015-2020-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷонибҳо инчунин дар атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва омилҳои ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдидкунанда мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин Сироҷидин Аслов бо дабири кулли САҲА Ламберто Занниер мулоқот карда, зимни вохӯрӣ Л. Занниер аз сатҳи ҳамкориҳои Созмон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иштироки кишварро дар фаъолияти САҲА муҳим арзёбӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот С. Аслов бо дарназардошти чолишҳои муосир аз созмони мазкур ва ниҳодҳои он даъват ба амал овард, ки ба талошҳои кишварҳои минтақа ҷиҳати таъмини амнияти минтақавӣ мусоидати фаъолтар дошта бошанд. Ҷонибҳо дар масъалаҳои мусоидати Созмон ба раванди татбиқи уҳдадориҳои Тоҷикистон дар ҳар се ченаки САҲА ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва савдои одамон ва дигар мавзӯъҳои мавриди тававвуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное