Омодагии Тошканд ба ифтитоҳи «Хонаи савдои Ӯзбекистон» дар Душанбе

Ахири ҳафтаи сипаришуда раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо соҳибкорони Ӯзбекистон – муовини раиси раёсати Ҷамъияти саҳҳомии «Узмарказимпекс» Сардор Аббосхонов, муовини раиси раёсати ширкати «Марказсаноатэспорт» Олимҷон Қаюмов ва сардори Раёсати маркетинги ҶС «Узпроммашимпекс» Сарвар Эргашев мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот атрофи вазъи кунунӣ ва […]

Аваз Юлдошев



Ахири ҳафтаи сипаришуда раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо соҳибкорони Ӯзбекистон – муовини раиси раёсати Ҷамъияти саҳҳомии «Узмарказимпекс» Сардор Аббосхонов, муовини раиси раёсати ширкати «Марказсаноатэспорт» Олимҷон Қаюмов ва сардори Раёсати маркетинги ҶС «Узпроммашимпекс» Сарвар Эргашев мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, зимни мулоқот атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, маҷмӯи васеи масоили роҳандозии робитаҳои зич байни доираҳои соҳибкорон ва тоҷирони ҳарду кишвар табодули назари судманд сурат гирифт.

Намояндагони кишвари ҳамсоя изҳор доштанд, ки ба ифтитоҳи «Хонаи савдои Ӯзбекистон» дар шаҳри Душанбе, ташкили воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ, санотаи кимиёву электротехникӣ, маҳсулоти дӯзандагии тайёр, масолеҳи сохтмон, нуриҳои минералӣ ва дигар анвои маҳсулот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омодаанд. Зикр гардид, ки Ӯзбекистон ба рушди ҳамаҷонибаи барои тарафайн судманди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат манфиатдор аст.

Дар навбати худ изҳор карда шуд, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон баҳри мусоидат ба рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо, кумак ба соҳибкорони кишвари ҳамсоя барои дарёфти шарикони тиҷоратии имконпазир дар ҷумҳурӣ, роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ миёни субъектҳои хоҷагидории кишварҳои ба ҳам дӯст омода аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.