Ҷоми КФО: «Хуҷанд» бо «Аҳлӣ-Ал Халилӣ» рақобат мекунад

Дар даври интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқа Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи «Аҳлӣ-Ал Халилӣ»-и Фаластин рақобат мекунад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин вохӯрӣ рӯзи 9 феврали соли оянда дар Фаластин доир гардида, […]



Дар даври интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқа Лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи «Аҳлӣ-Ал Халилӣ»-и Фаластин рақобат мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин вохӯрӣ рӯзи 9 феврали соли оянда дар Фаластин доир гардида, дар сурати ғалаба дастаи «Хуҷанд» дар гурӯҳи «D» қарор хоҳад гирифт.

Қобили зикр аст, ки қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе соли равон то даври финалии ин мусобиқа расида, дар мавсими нав бозиҳояшро аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқа оғоз мекунад.

Гуфта мешавад, маросими қуръапартоии мусобиқаи марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 санаи 10 декабр дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.