БОР ба дастгирии буҷети Тоҷикистон 60 млн. $ медиҳад

Бонки осиёгии рушд (БОР) барномаи дастгирии буҷет дар ҳаҷми 60 млн. доллари ИМА ба марҳилаи аввали барномаеро, ки ба тавсеъаи имконоти аз нигоҳи иқтисодӣ судаманд, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя ба Тоҷикистон нигаронида шудааст, маъқул шуморид. «Мусоидати молӣ ва машваратҳои техникии БОР ҳукуматро дар баргузории ислоҳоти сохторӣ барои рушди тиҷорат дастгирӣ намуда, он ба […]

ASIA-Plus



Бонки осиёгии рушд (БОР) барномаи дастгирии буҷет дар ҳаҷми 60 млн. доллари ИМА ба марҳилаи аввали барномаеро, ки ба тавсеъаи имконоти аз нигоҳи иқтисодӣ судаманд, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя ба Тоҷикистон нигаронида шудааст, маъқул шуморид.

«Мусоидати молӣ ва машваратҳои техникии БОР ҳукуматро дар баргузории ислоҳоти сохторӣ барои рушди тиҷорат дастгирӣ намуда, он ба таъсиси ҷойҳои корӣ бо даромади хуб кумак мекунад», – гуфтааст Рубен Баретто, мутахассиси бахши молияи департаменти БОР оид ба Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ.

Амалисозии барнома ба се марҳила тақсим шуда, анҷоми он соли 2019 дар назар аст. Маблағгузории БОР ба марҳилаи аввал 53,4 млн. доллари ИМА ба сифати грантро ташкил дода, Фонди осиёгии рушд дар ҳаҷми 6,6 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.

Воситаҳо ба ҳукумати Тоҷикистон дар як навбати ягона ҷудо шуда, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иҷрокунандаи ин барнома ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, яке аз ташкилотҳои асосии мададрасони ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ ҳудуди 1,4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.