Дастури президент барои кумаку дастгирии аҳолии осебдида



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо

заминларзаи 7 декабр

бо раиси Вилояти  Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва раисони 8 шаҳру ноҳияҳои вилоят – Хоруғ, Мурғоб, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба раиси Вилояти  Мухтори Куҳистони Бадахшон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки аз ҳоли аҳолии осебдида пайваста бохабар бошанд ва барои ба ҷойҳои зисти муваққатӣ кӯчонидан, бо маводи озуқаворию сарулибос ва ёрии тиббӣ таъмин намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд. 

Худи ҳамин рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси комиссияи ҳукуматӣ Азим Иброҳим дастур дод, ки рафти бартарафсозии оқибатҳои заминларзаро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Таъкид гардид, ки комиссияи ҳукуматӣ фавран ба Вилояти  Мухтори Куҳистони Бадахшон сафар карда, рафти корҳоро таҳти назорати бевосита гирад.

Супориш дода шуд, ки фавран ситодҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба кӯмакрасонӣ ба мардуми осебдида таъсис дода шаванд ва таъкид гардид, ки комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳо шабурӯз фаъол бошанд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари заминларзаи нимаи рӯзи 7 декабр дар ВМКБ

ду тан ҷон бохта

, 13 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамчунин беш аз аз 500 манзили зисти сокинони вилоят ва дигар иншооти зерсохтор низ осеб дид.

spot_imgspot_img

Популярное