«ЦУМ» табдили ном ва ба давлат баргардонида шуд

Ба кормандони Фурӯшгоҳи марказии Душанбе ё худ маъруф ба «ЦУМ» имрӯз директори навашонро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин ҳозирин бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе шинос карда шуданд, ки мутобиқи он ҶС «Фурӯшгоҳи марказӣ» (ЦУМ) ба давлат баргардонида шуда, расман ба Маркази давлатии савдои Тоҷикистон табдили ном кард. Дар ҳамин ҳол, акнун собиқ саҳмдорони «Фурӯшгоҳи марказӣ» ба […]

ASIA-Plus



Ба кормандони Фурӯшгоҳи марказии Душанбе ё худ маъруф ба «ЦУМ» имрӯз директори навашонро муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин ҳозирин бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе шинос карда шуданд, ки мутобиқи он ҶС «Фурӯшгоҳи марказӣ» (ЦУМ) ба давлат баргардонида шуда, расман ба Маркази давлатии савдои Тоҷикистон табдили ном кард.

Дар ҳамин ҳол, акнун собиқ саҳмдорони «Фурӯшгоҳи марказӣ» ба ин қарори суд розӣ набуда, ба мақомоти болоӣ шикояти кассатсионӣ пеш бурдаанд. Онҳо омодаанд, ки фурӯшгоҳро тарк кунанд, вале танҳо дар сурати баргардони воситаҳои харҷкардаашон барои харидории саҳмияҳо.

Мақомоти судӣ ваъда медиҳанд, ки масъалаи пардохти маблағи саҳмияҳо баъди ба кор шурӯъ намудани директори нав ҳал мешавад, вале саҳмдорон ба ин бовар надоранд.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи ноябр мурофиаи додгоҳӣ аз рӯи даъвои Кумитаи давлатии амвол бобати ба ихтиёри давлат баргардонидани ин иншоот ба итмом расид.

Ҳанӯз соли 2012 Суди олии Тоҷикистон дар бораи ба давлат баргардонидани иншооти мазкур қарор қабул карда буд. Дар ин қарор зикр гардида буд, ки ба саҳмдорони иншоот, ки шуморашон ҳудуди 500 нафарро ташкил медиҳад, бояд пулҳои харҷкардаашон барои харидории саҳмияҳо дар давраи аз соли 1993 то соли 2003 баргардонида шавад. Масъалаи чӣ миқдор ба киҳо баргардонидани воситаҳоро бояд комиссияи барҳамдиҳӣ ҳал мекард.

Акнун иншоот ба давлат баргардонида шуда, саҳмдорон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд, зеро дар қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе оид ба баргардонидани воситаҳои онҳо ҳарфе ҳам зикр нашудааст.

Собиқ директори генералии ҶС «Фурӯшгоҳи марказӣ Боймурод Холмуродов дар шарҳи ин қазия ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки ҳама саҳмдорони фурӯшгоҳ қотеъона тасмим гирифтаанд, ки «то пулҳояшнро барнагардонанд, амволашонро ба касе намедиҳанд ва он давлатӣ намешавад». «Мо чунин тасмим гирифтем. Мо аллакай медонем, ки агар аз ин ҷо равем, дигар рӯи пулро намебинем, ин корҳо аллакай шуда буданд. Аз ин рӯ мубориза мебарем», – афзуд собиқ директори генералии фурӯшгоҳ.

Дар ҳамин ҳол,

Радиои Озодӣ

дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки беш аз бист саҳмдори Фурӯшгоҳи марказии Душанбе 8 декабр аз мақомоти кишвар талаб кардаанд, ки аввал пули саҳмияи онҳоро баргардонанд ва сипас директор (мудир)-и нав ба кор оғоз кунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.