Ҳудуди 800 млн. сомонӣ ба соҳаҳои иҷтимоии вилояти Суғд дар зарфи 10 моҳ

Дар давраи моҳҳои январ-октябри соли 2015 ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиши вилояти Суғд беш аз 797,8 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 81,4 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин давра барои маблағгузории соҳаҳои маориф 451,3 миллион сомонӣ, нигоҳдории тандурустӣ 225,1 […]

ASIA-Plus



Дар давраи моҳҳои январ-октябри соли 2015 ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиши вилояти Суғд беш аз 797,8 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 81,4 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин давра барои маблағгузории соҳаҳои маориф 451,3 миллион сомонӣ, нигоҳдории тандурустӣ 225,1 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 13,8 миллион сомонӣ ва фарҳангу варзиш 107,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамзамон маблағгузории хароҷотҳои аввалиндараҷаю зарурии соҳаҳои болозикр, аз ҷумла пардохти саривақтии музди меҳнат ва маоши кормандони ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, пурра ва саривақт роҳандозӣ гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.