Имрӯз,9 декабри соли 2015 дар шаҳри Токио Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ ба Аълоҳазрат Императори Япония Акиҳито Эътимоднома супорид.
Тавре аз сафорати Точикистон дар Япония иттилоъ доданд, пас аз баргузории маросими супоридани Эътимоднома, ки дар Қасри Император баргузор гардид, дар фазои дӯстӣ суҳбати самимӣ доир гардид.
Сафир аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруди самимӣ ва таманниёти сиҳатии комил ба Аълоҳазрат ва ба мардуми Япония сулҳу субот ва шукуфоиро расонид.
Императори Япония қайд намуд, ки дидорашро бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва суҳбати пурмӯҳтаво хуб дар ёд дорад. Император Акиҳито аз Сафир дархост намуд, ки дуруду паёмашро ба Ҷаноби Олӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонад.
Ҳамчунин Аълоҳазрат дар бораи сафари Сарвазири Япония ба Тоҷикистон ва бо муваффақ анҷом ёфтани он андеша намуд. Сафир Ҳ. Зарифӣ сафари Сарвазири Япония ба кишварамонро муҳим ва самаранок барои ҳар ду кишвар номид.
Император Акиҳито ба Сафири Тоҷикистон комёбиҳо дар рисолати муҳимаш баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония таманно намуд.
Ҳамзамон суҳбати Сафир бо Вазири адлияи Япония Иваки Митсуҳидэ, ки дар маросим низ иштирок дошт, баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония табодули афкор намуданд.



