Эътимодномаи сафири Тоҷикистон ба Императори Япония

Имрӯз,9 декабри соли 2015 дар шаҳри Токио Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ ба Аълоҳазрат Императори Япония Акиҳито Эътимоднома супорид. Тавре аз сафорати Точикистон дар Япония иттилоъ доданд, пас аз баргузории маросими супоридани Эътимоднома, ки дар Қасри Император баргузор гардид, дар фазои дӯстӣ суҳбати самимӣ доир гардид. Сафир аз номи Президенти […]

ASIA-Plus



Имрӯз,9 декабри соли 2015 дар шаҳри Токио Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ ба Аълоҳазрат Императори Япония Акиҳито Эътимоднома супорид.

Тавре аз сафорати Точикистон дар Япония иттилоъ доданд, пас аз баргузории маросими супоридани Эътимоднома, ки дар Қасри Император баргузор гардид, дар фазои дӯстӣ суҳбати самимӣ доир гардид.

Сафир аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуруди самимӣ ва таманниёти сиҳатии комил ба Аълоҳазрат ва ба мардуми Япония сулҳу субот ва шукуфоиро расонид.

Императори Япония қайд намуд, ки дидорашро бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва суҳбати пурмӯҳтаво хуб дар ёд дорад. Император Акиҳито аз Сафир дархост намуд, ки дуруду паёмашро ба Ҷаноби Олӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонад.

Ҳамчунин Аълоҳазрат дар бораи сафари Сарвазири Япония ба Тоҷикистон ва бо муваффақ анҷом ёфтани он андеша намуд. Сафир Ҳ. Зарифӣ сафари Сарвазири Япония ба кишварамонро муҳим ва самаранок барои ҳар ду кишвар номид.

Император Акиҳито ба Сафири Тоҷикистон комёбиҳо дар рисолати муҳимаш баҳри рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония таманно намуд.

Ҳамзамон суҳбати Сафир бо Вазири адлияи Япония Иваки Митсуҳидэ, ки дар маросим низ иштирок дошт, баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Япония табодули афкор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.