Аксҳои Эмомалӣ Раҳмон дар як саҳифаи пурраи газетаи Гонконг



Рӯзномаи маъруфи «Wey Wei Po»-и Гонконг дар шумораи рӯзи 8 декабри соли равон дар як саҳифаи пурраи нашрия 25 акс аз ҳаёту фаъолияти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба чоп расонид.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Пекин, дар ин саҳифа муаллифи мавод бо шавқу завқ дар бораи Тоҷикистону мардуми он ва пешвои миллии халқи тоҷик, ки ӯро дар Чин дӯсти бузург медонанд ва муносибатҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи шарикии стратегии Тоҷикистону Чин маълумот додааст.

Муаллиф хотиррасон кардаст, ки соли 2016 Тоҷикистон 25-солагии истиқлолияти давлатиашро ҷашн мегирад. «Тӯли ин солҳо таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон оқибатҳои ногувори ҷанги шаҳрвандиро бартараф намуда, дар ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва дар арсаи байнулмилалӣ обрӯву нуфуз касб кард», – қайд мешавад дар шарҳу тавзеҳ ба маводи нашршудаи газета.

spot_imgspot_img

Популярное