Пешниҳоди оғози лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба Корпоратсияи исломии рушд барои муҳоҷирон

Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мудир оид ба рушди соҳибкорӣ ва Департаменти ҳамкории Корпоратсияи исломии рушд Фарид Масмоудӣ, намояндаи минтақавии корпоратсияи зикршуда оид ба ИДМ ва Аврупо Самир Тагиев масъалаҳои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ибтидои […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо мудир оид ба рушди соҳибкорӣ ва Департаменти ҳамкории Корпоратсияи исломии рушд Фарид Масмоудӣ, намояндаи минтақавии корпоратсияи зикршуда оид ба ИДМ ва Аврупо Самир Тагиев масъалаҳои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ибтидои суҳбат Ҷамшед Нурмаҳмадзода иброз дошт, ки низоми бонкии ҷумҳурӣ барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои боз ҳам зичтар ва барои ҳарду ҷониб манфиатовар ҳамеша омода аст. Тавре маълум аст, Корпоратсияи исломии рушд бо мақсади зиёд кардани имкониятҳои молиявии ташкилотҳои молиявии маҳаллӣ, аз қабили ширкатҳои лизингӣ ва бонкҳо метавонад хатҳои маблағгузорӣ боз намояд ё дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ кӯмак расонад. Илова бар ин, ин корпоратсия метавонад ширкатҳои маҳаллиеро, ки сохтори устуворӣ корӣ доранду метавонанд фаъолияти худро хуб пеш баранд, аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ намояд.

Дар робита ба ин, Ҷамшед Нурмаҳмадзода пешниҳод намуд, ки барои дастгирии муҳоҷирони кории ба Ватан баргашта лоиҳаи нави маблағгузорӣ оғоз карда шуда, Корпоратсияи исломии рушд дар бунёди чор сардхона барои нигоҳдории меваю сабзавот дар чор минтақаи ҷумҳурӣ саҳм гузорад.

Фарид Масмоудӣ дар навбати худ пешниҳодоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро хуш пазируфта, қайд кард, ки Корпоратсияи исломии рушд ва сохторҳои марбутаи Бонки исломии рушд илова бар ин, тибқи лоиҳаҳои хеш ба содиркунандагони молу маводи дохилӣ ва соҳибкорони хурду миёна барои пӯшонидани эҳтиёҷоти молиявии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати онҳо маблағгузорӣ пешниҳод менамояд. Маблағгузории соҳибкории хурду миёна аз тариқи бонкҳои маҳаллӣ ва истифодаи захираҳои ба нақша гирифтаи ташкилотҳои молиявии исломӣ (Ширкати лизинги исломӣ, Бонки исломии рушд ва Хазинаи исломии дастгирии соҳибкории хурду миёна) анҷом дода мешавад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои дуҷонибаро барои солҳои оянда муҳокима намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.