Мураббии украинӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро ба Ҷоми Иттиҳод-2016 омода мекунад

Мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистонро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 омода мекунад. Мусобиқа аз 16 то 24 январ дар Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир хоҳад шуд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонони кишвар, инчунин сармураббии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Рустам Хоҷаев ва устоди […]

ASIA-Plus



Мураббии калони мунтахаби миллии Тоҷикистон, мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук дастаи мунтахаби ҷавонони зери 22-солаи Тоҷикистонро ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 омода мекунад. Мусобиқа аз 16 то 24 январ дар Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ситоди мураббиёни мунтахаби ҷавонони кишвар, инчунин сармураббии «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Рустам Хоҷаев ва устоди ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанбе Баҳодур Сӯфиев шомил гаштанд. Мураббии омодагии ҷисмонии даста, мутахассиси украинӣ Владимир Власенко таъин шуда, дарвозабонҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон зери роҳбарии Амоншо Содатсайров тамрин хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2016 аз 16 то 24 январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир мешавад. Дар сабқати навбатии Ҷоми Иттиҳод ҳамагӣ 8 дастаи мунтахаби ҷавонон ширкат мекунад. Қаблан шумораи иштирокчиёни ин мусобиқа 12 даста буд.

Дар сабқат бозигарони солҳои таваллудашон 1994 ва аз ин боло ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Дар Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаҳои мунтахаби ҷавонони Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Молдова, Эстония ва Литва иштирок мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.