Боздошти бародари генерал Назарзода пас аз се моҳи ошӯб

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Ҷамол Назаров, бародари 39-солаи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), мувоини пешини вазири дифои Тоҷикистонро 8 декабр аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ боздошт кардаанд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , Ҷамол Назаров, яке аз шаш бародари Абдуҳалим Назарзода пас аз ҳамлаҳои субҳи 4-уми сентябри соли ҷорӣ дар Ваҳдат ва Душанбе, ки дар ташкили он […]

Радиои Озодӣ



Мақомоти интизомии Тоҷикистон Ҷамол Назаров, бародари 39-солаи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), мувоини пешини вазири дифои Тоҷикистонро 8 декабр аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, Ҷамол Назаров, яке аз шаш бародари Абдуҳалим Назарзода пас аз ҳамлаҳои субҳи 4-уми сентябри соли ҷорӣ дар Ваҳдат ва Душанбе, ки дар ташкили он бародараш айбдор шуд, нопадида гардида буд.

Бархе тахмин мекарданд, ки эҳтимол ӯ кушта шуда бошад, бархеи дигар фирори ӯ ба Русияро баъид намедонистанд. Аммо як манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Ҷамол Назаров давоми се моҳ дар манзили зисти нафаре бо номи Ғоиб дар ҳудуди колхози собиқ Россияи ноҳияи Рӯдакӣ пинҳон будааст.”

Ба қавли мусоҳиби мо, бародари Назарзода талош доштааст, то рӯзҳои наздик бо роҳи кочоқӣ аз Тоҷикистон фирор кунад, аммо мақомот ӯро пайдо ва боздошт кардаанд. Наздикони Абдуҳалим Назарзода низ хабари боздошти ӯро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, ки ӯ дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад ва ҳеч яке аз пайвандонаш бо ӯ дидор накардаанд.

Аз шаш бародари Ҳоҷӣ Ҳалим, ба гуфтаи мақомот, Мирзокарим, Абдураҳим ва Мирзоҳаёт ҳангоми музокирот миёни нерӯҳои ҳукуматӣ бо гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар дараи Ромит кушта шудаанд. Пас аз ин мақомот Ҷамол ва Салим – ду бародари дигари ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд. Ҳоло Ҷамол Назаров боздошт шуда, сарнавишти Салим Назаров маълум нест. Вале Ғолиб, бародари хурдии Ҳоҷӣ Ҳалим солҳо боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад ва то ҳол ҳеч талош барои боздошти ӯ сурат нагирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни амалиёти нерӯҳои қудратии ҷумҳурӣ алайҳи гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи генерали ошӯбгар Назарзода аз 4 то 16 сентябри соли равон генерал ва чанде аз ҳамроҳони ӯ (дар маҷмӯъ 25 нафар террористон) кушта шуданд. Мутаассифона, дар ҷараёни амалиёт 14 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ низ ҷон бохтанд.

Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, генерал Назарзода бо мақсади анҷом додани табаддулоти давлатӣ дар ҳайати 300 нафар гурӯҳ ташкил карда будааст. Бино ба маълумоти расмӣ, то имрӯз беш аз 150 нафар аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.