Изҳороти намояндаи олии ИА бахшида ба Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи башар



Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) хонум Федерика Могеринӣ бахшида ба 10 декабри соли 2015 – Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар изҳорот пахш намуд, ки дар зер манзуратон мегардонем:

«Имсол дар давоми сол аз Рӯзи ҳуқуқи инсон сар намуда, Созмони Милали Муттаҳид 50-олагии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро, ки соли 1966 ба имзо расида буданд, ҷашнгирӣ мекунад.

Ҳар ду ин паймон муҳиманд ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии инсонро аз рӯзи таваллудаш то давоми ҳаёти ӯ ифода намуда, тақдири бисёр одамонро тағйир карданд.

Ҳоло дар шароити мушкил атрофи масъалаҳои ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, камбизоатӣ ва нобаробариҳои зиёд, ин паймонҳо чун рукнҳои фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи ҳифзу пешбурди тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии ӯ боқӣ хоҳанд монд. Инчунин, паймонҳои мазкур ҳамчун пояи муҳими қонуни байналмилалӣ шуда, моҳияти умумиҷаҳонӣ, тақсимнопазир ва бо ҳам вобаста доранд.

Нақшаи нави амал барои пешбурди ҳуқуқи башар ва демократия, ки Иттиҳоди Аврупо моҳи июли соли гузашта қабул карда буд, ба ҳамаи намуди ҳуқуқҳо диққати хос дода, ба таъмини онҳо барои ҳамагон тариқи чорабиниҳои мушаххас равона карда шудааст. Ғайр аз ин, Иттиҳоди Аврупо мӯътақид аст, ки ба ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар фаъолони ҷомеа дар роҳи ҳифзу таъмини ҳуқуқи инсон, чи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва чи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, доимо кӯмак бирасонад. Иттиҳоди Аврупо аз лаҳзаи таъсисаш бисёр ҳомиёни ҳуқуқи башарро дар саросари ҷаҳон дастгирӣ намудааст ва бо ибрати хеш нишон додааст, ки ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ метавонад манфиатҳои бузургро ба ҷамъият оварад.

Иттиҳоди Аврупо шабакаи васеъ иборат аз намояндагиҳо ва сафоратхонаҳои давлатҳои узви он дар саросари ҷаҳон, Намояндаи махсус оид ба ҳуқуқи башар рафиқ Ставрос Ламбринидис ва гурӯҳҳои мутасаддиро дар пойтахтҳои Аврупо дорад ва мо имрӯз нерӯҳои худамонро муттаҳид карда, Рӯзи ҳуқуқи инсонро ҷашн мегирем, то ҳуқуқи инсонро дар зери хатар дар ҳар кунҷи ҷаҳон бударо, ҳифз, пешбурд ва ривоҷ бидиҳем».

spot_imgspot_img

Популярное