Қадрдонии Гавҳар Ҷӯраева бо ҷоизаи Гурӯҳи Хелсинкии Маскав

Ҳомии ҳуқуқ Гавҳар Ҷӯраева, ки ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ машғул аст, бо ҷоизаи Гурӯҳи Хелсинкии Маскав дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар соли 2015 қадрдонӣ шуд. Гавҳар Ҷӯраева соли 1993 бо аҳли оилааш Тоҷикистони бо ҷанги шаҳрвандӣ фарогирифтаро тарк кард. Дар Русия ӯ ҳамчун ихтиёрӣ дарҳол ба фаъолияти ҳимоя аз ҳуқуқ пардохта, аз соли […]

ASIA-Plus



Ҳомии ҳуқуқ Гавҳар Ҷӯраева, ки ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ машғул аст, бо ҷоизаи Гурӯҳи Хелсинкии Маскав дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар соли 2015 қадрдонӣ шуд.

Гавҳар Ҷӯраева соли 1993 бо аҳли оилааш Тоҷикистони бо ҷанги шаҳрвандӣ фарогирифтаро тарк кард. Дар Русия ӯ ҳамчун ихтиёрӣ дарҳол ба фаъолияти ҳимоя аз ҳуқуқ пардохта, аз соли 1993 ба муҳоҷирон аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз нигоҳи пешниҳоди маълумоту иттилоот ва дар бахшҳои ҳуқуқу истифода аз адвокат ва ёрии тиббӣ, ҳамчунин дар дигар бахшҳои иҷтимоӣ кумак мекунад.

Номбурда соли 1996 фонди «Тоҷикистон»-ро таъсис дод, ки он ҳам дар заминаи ихтиёрӣ (гранти аввал танҳо соли 2002 дастрас шуд) фаъолият мекард.

Дар сомонаи Гурӯҳи Хелсинкии Маскав қайд мешавад, ки аз оғози фаъолият ҳомии ҳуқуқ Гавҳар Ҷӯраева кӯшиш мекард, ки натанҳо ба ҳамдиёрони худ, балки ба тамоми муҳоҷирон сарфи назар аз миллаташон кумак расонад.

Соли 2012 дар заминаи фонди «Тоҷикистон» Гавҳар Ҷӯраева Маркази ҳамгиройии «Муҳоҷират ва қонун»-ро таъсис дод. Фаъолияти ин Марказ натанҳо дар Маскав, балки дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Екатеринбург, вилоятҳои Маскав, Астрахан ва Ярославл роҳандозӣ шудааст.

Дар Марказ бо ёрии ташкилотҳои шарик ба муҳоҷирон натанҳо кумаки ҳуқуқӣ, балки ёрии тиббиву равонӣ ва кумаки моддӣ низ расонида мешавад. Бо роҳбарии Гавҳар Ҷӯраева Марказ натанҳо таҷрибаи бойи корӣ бо муҳоҷиронро ҳосил намуд, балки ба таври густарда эътироф низ гардид. Ҳуқуқшиносони Марказ забонҳои гуногуни мардуми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро хуб дониста, бо муҳоҷирон пурмаҳсул ҳамкорӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.