Ҷоми КФО-2016: Ҳарифони «Истиқлол» муайян шуданд

Дар Куала-Лумпур имрӯз маросими қуръакашии даври гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 баргузор гардид. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «В» қарор гирифта, тимхои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файҳалӣ»-и Урдун ва ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон) – «Олой» (Қирғизистон) ҳарифонаш мебошанд. Дорандаи медалҳои […]

ASIA-Plus



Дар Куала-Лумпур имрӯз маросими қуръакашии даври гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 баргузор гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «В» қарор гирифта, тимхои «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Файҳалӣ»-и Урдун ва ғолиби ҷуфти «Триполи» (Лубнон) – «Олой» (Қирғизистон) ҳарифонаш мебошанд.

Дорандаи медалҳои нукраи чемпионати имсола – дастаи «Хуҷанд»-и шахри Хуҷанд дар сурати пирӯзӣ дар вохӯрӣ бо тими «Аҳлӣ Ал-Халилӣ» (9 феврал) дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Ал-Муҳаррак» (Баҳрайн), «Фанҷа» (Уммон) ва «Ал-Ҷайш» (Сурия) рақобат хоҳад кард.

Дар даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар 8 гурӯҳ (4 даста дар ҳар кадоме аз гурӯҳҳо) 32 даста бо ҳам рақобат карда, бо анҷоми он ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ ба даври минбаъда роҳ меёбанд. Дастае, ки дар гурӯҳи худ зинаи аввалро ишғол мекунад, дар бозии даври 1/8 финалӣ (аз 1 бозӣ иборат аст) ҳарифаашро дар майдони худ қабул мекунад.

Бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 дар муҳлатҳои зерин баргузор мешаванд: 23-24 феврал (даври 1-ум), 8-9 март (даври 2-юм), 15-16 март (даври 3-юм), 12-13 апрел (даври 4-ум), 26-27 апрел (даври 5-ум) ва 10-11 май (даври 6-ум).

Бозиҳои даври 1/8 финалӣ рӯзҳои 24-25 май; даври чорякфиналӣ – 13-14 сентябр (бозиҳои аввал) ва 20-21 сентябр (бозиҳои ҷавобӣ); даври нимфиналӣ – 27-28 сентябр (бозиҳои аввал) ва 18-19 октябр (бозиҳои ҷавобӣ) ва бозии финалӣ 5 ноябр доир мегарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.