Сафирони се кишвар ба С.Аслов нусхаи эътимоднома супурданд

Сафирони навтаъйини се давлати аврупоӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов имрӯз, 10 декабр нусхаи эътимодномаҳои худро супурданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва Витаутас Наудужас, Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Бондарс ва Шоҳигарии Испания Педро Хосе Санз Серрано супориданд. Пас аз маросим мулоқотҳои дуҷонибаи Сироҷидин […]

ASIA-Plus



Сафирони навтаъйини се давлати аврупоӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов имрӯз, 10 декабр нусхаи эътимодномаҳои худро супурданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Литва Витаутас Наудужас, Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Бондарс ва Шоҳигарии Испания Педро Хосе Санз Серрано супориданд.

Пас аз маросим мулоқотҳои дуҷонибаи Сироҷидин Аслов бо сафирони навтаъйин доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо, инчунин ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сироҷиддин Аслов сафиронро  барои  ба ин вазифа таъйин шуданашон табрик намуда, ба онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.