Freedom House Тоҷикистонро ба қатъи таъқиби наздикони мухолифон даъват кард

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё «Хонаи Озодӣ» дар робита ба боздошти хешовандону наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ аст, нигаронӣ изҳор намуд. Изҳороти Freedom House санаи 16 декабр дарҳол баъди дар Файзобод боздошт шудани 7 тан аз хешовандони Муҳиддин Кабирӣ, аз ҷумла падари 90-солааш Тилло […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё «Хонаи Озодӣ» дар робита ба боздошти хешовандону наздикони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ мамнӯъ аст, нигаронӣ изҳор намуд.

Изҳороти Freedom House санаи 16 декабр дарҳол баъди дар Файзобод боздошт шудани 7 тан аз хешовандони Муҳиддин Кабирӣ, аз ҷумла падари 90-солааш Тилло Кабиров интишор гардид.

Дар изҳороти созмони ҳомии ҳуқуқ суханони муовини раиси созмон Даниэл Келингерт оварда мешаванд, ки гуфтааст, истифодаи аъзои оила ба сифати гаравгонон барои тарсонидан ва кӯшиши муҳри хомӯшӣ ба лаб задани дигарандешон ҳуқуқҳои бунёдии инсонро поймол месозад.

Freedom House аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба таъқиби мухолифон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва аъзои оилаи онҳо хотима бахшад.

Маълумоти боздошти ҳадди ақал 7 тан аз аъзои оилаи Кабирӣ дар ноҳияи Файзобод рӯзи 15 декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд. Дар ин бора Муҳаммадҷон Кабиров, ҷияни Муҳиддин Кабирӣ ҳикоят кардааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз падари 95-солаи Кабирӣ, ҳамчунин бародараш Сафар Кабирови 54-сола, хоҳари калонияш Саида Кабироваи 60-сола, аммааш Лаълхонум Кабироваи 70-сола, ҳамсари бародараш Дилором Кабироваи 40-сола, язнааш Исматулло Нарзуллоеви 74-сола ва хоҳарзодааш Додулло Нарзуллоеви 38-сола боздошт шудаанд.

Худи ҳамон рӯз, 15 декабр, Муҳиддин Кабирӣ тариқи Skype дар машварати Freedom House суханронӣ кард. Ӯ изҳор дошт, ки аҳли хонаводаашоро барои он боздошт мекунанд, то ки ӯ дар назди созмонҳои байнулмилалӣ ҳукуматдорони Тоҷикистонро танқид накунад.

Баъди чанде дар ВАО дар бораи ҷавоб додани ҳамаи аҳли хонаводаи Кабирӣ маълумот пайдо шуд. Имрӯз, 18 декабр дар видеохостинги Youtube муроҷиатҳои видеоии наздикони Кабирӣ интишор шуда, дар наворҳо онҳо аз раиси ҲНИТ дархост мекунанд, ки дар бораи Ваитан бад нагуфта, ба ҷумҳурӣ баргардад.

Падари ҳамсари Кабирӣ ба ӯ муроҷиат намуда, итминон медиҳад, ки дар сурати бозгашт ба ватан, президенти кишвар ӯро афв мекунад. Аз наворҳои видеоӣ бармеояд, ки ҳамаи муроҷиатҳо дар зодгоҳи Муҳиддин кабирӣ сабт шудаанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти расмии Тоҷикистон ин маълумотро шарҳ намедиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.