Воридоти орд каму гандум зиёд мешавад

Давоми 11 моҳи соли равон воридоти орд ба Тоҷикистон тақрибан 24% кам шуда, дар ҳамин ҳол, воридоти гандум ба андозаи беш аз 11% зиёд шуд. Сардори Раёсати савдо ва хизматрасонии Агентии омори назди президенти ҶТ Фирдавс Асматбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли моҳҳои январ-ноябри соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 52,9 […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми 11 моҳи соли равон воридоти орд ба Тоҷикистон тақрибан 24% кам шуда, дар ҳамин ҳол, воридоти гандум ба андозаи беш аз 11% зиёд шуд.

Сардори Раёсати савдо ва хизматрасонии Агентии омори назди президенти ҶТ Фирдавс Асматбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки тӯли моҳҳои январ-ноябри соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 52,9 млн. доллари ИМА зиёда аз 130 ҳазор тонна орд (11 моҳи соли 2014 – 170,9 ҳазор тонна ба маблаги 70,2 млн. $) ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,8% камтар аст.

Орд ба бозори Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон ворид шуда, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз ин кишвар ба ҷумҳурӣ 129 ҳазор тонна (98,9% аз ҳаҷми умумӣ) орд оварда шудааст. Ҳаҷми боқимондаи орд аз Русия интиқол гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, Асматбеков изҳор намуд, ки дар муқоиса бо 11 моҳи соли 2014 ҳаҷми воридоти гандум ба ҷумҳурӣ дар ин давра афзуда, тӯли 11 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 217,7 млн. доллари ИМА 763,5 ҳазор тонна (11 моҳи соли 2014 – 686,1 ҳазор тонна) гандум ворид шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки қариб тамоми гандуми соли равон ба ҷумҳурӣ воридшуда (99,7%) аз Қазоқистон интиқол дода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.