Боздошти фурӯшандаи миқдори зиёди «экстази» дар Душанбе

Зимни амалиёти махсуси кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Душанбе, миқдори зиёди маводи нашъаовари синтетикӣ МДМА (экстази) мусодира шуд. Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони ин cохтор иттило гирифтанд, ки ба пойтахт миқдори махсусан калони маводи нашъаовари синтетикии МДМА бояд ворид гардад ва як силсила […]

ASIA-Plus



Зимни амалиёти махсуси кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳри Душанбе, миқдори зиёди маводи нашъаовари синтетикӣ МДМА (экстази) мусодира шуд.

Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони ин cохтор иттило гирифтанд, ки ба пойтахт миқдори махсусан калони маводи нашъаовари синтетикии МДМА бояд ворид гардад ва як силсила чорабинӣ барои муайян намудани шахсияти ба он дастдошта гузарониданд.

Қарор карда шудааст, ки он шахсро ҳангоми фурӯши ҳабҳо дар яке аз ошхонаҳо дастгир намоянд. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз ӯ як борхалта дарёфт гардид, ки дар дохили он 3 ҳазору 587 ҳаби МДМА мавҷуд буд. Пас дар хонаи дастгиршуда кофтуков гузаронида шуд ва дар махфигоҳ боз зиёда аз 2 ҳазор ҳаби МДМА дарёфт гардид.

Дастгиршуда дар тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки ҳабҳои МДМА-ро бо мақсади паҳн намудан дар муассисаҳои дилхушии пойтахт овардааст.

Тибқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари синтетикии МДМА – экстази дар ҳаҷми 5 ҳазору 418 ҳаб мебошад. Нархи умумии ҳабҳои мусодирашуда дар “бозори сиёҳ” 80 ҳазор доллари ИИА-ро ташкил менамояд.

Аз рӯи ин ҳодиса аз тарафи Шуъбаи тафтишотии Агентӣ бо моддаи 200 қ. 4 зербанди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дастгиршуда дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.