Вохӯрии вазирон дар шакли «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» дар Остона

Дар шаҳри Остона (Қазоқистон) имрӯз бо иштироки намояндагони минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳайати Иттиҳоди Аврупо вохӯрии вазирон дар шакли «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» доир мегардад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ҳайати Аврупоро Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба  умури хориҷӣ ва сиёсати амният Федерика Могерини ва ҳайатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Остона (Қазоқистон) имрӯз бо иштироки намояндагони минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳайати Иттиҳоди Аврупо вохӯрии вазирон дар шакли «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» доир мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ҳайати Аврупоро Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба  умури хориҷӣ ва сиёсати амният Федерика Могерини ва ҳайатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии ин кишварҳо роҳбарӣ мекунанд.

Дар ин вохӯрӣ масоли рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуда, ҷонибҳо атрофи масоили муҳиму рӯзмарраи байнулмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар мекунанд.

Ҳамчунин дар доираи сафари Федерика Могерини ба Остона баимзорасии Шатнома дар бораи шаркии васеъ ва ҳамкорӣ миёни Қазоқистон ва Иттиҳоди Аврупо дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.