Сафири Украина оид ба таъсири «таблиғоти шабакаҳои маълум» ба тоҷикон

ASIA-Plus

Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк имрӯз зимни мулоқот бо журналистон дар Душанбе изҳор намуд, ки кишвараш аз комилан истифода нашудани квотаҳои барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар соли равон ҷудошуда нигарон аст, зеро аз 20 квотаи буҷетии мисли солҳои пешин ҷудошуда на ҳамааш истифода шудааст. Сабаби даст кашидани донишҷӯёни тоҷик аз таҳсил дар Украинаро ӯ […]



Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк имрӯз зимни мулоқот бо журналистон дар Душанбе изҳор намуд, ки кишвараш аз комилан истифода нашудани квотаҳои барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар соли равон ҷудошуда нигарон аст, зеро аз 20 квотаи буҷетии мисли солҳои пешин ҷудошуда на ҳамааш истифода шудааст.

Сабаби даст кашидани донишҷӯёни тоҷик аз таҳсил дар Украинаро ӯ ба «тарғиботи иттилоотии шабакаҳои маълум» нисбат медиҳад. «Дар маҷмӯъ таассуроти ман чунин аст, ки аксари мардум дар Тоҷикистон вазъ дар Украинаро воқеъбинона арзёбӣ мекунанд, вале ба ҳар ҳол, нафароне низ қурбони маълумоти носаҳеҳ ва тарғибот мегарданд, ки аз шабакаҳои маълум садо медиҳанд. Сабаб дар ҳамин аст», – иброз дошт ӯ.

Ба андешаи сафир, барои ба маълумоти воқеъбинона дар бораи Украина дастрасӣ ёфтани ҷомеаи Тоҷикистон, ташкили сафари журналистони тоҷик ба Украина зарур аст. «Сарфи назар аз вазъи мушкили имрӯза, ки ҳамаи шумо аз он хуб огаҳед, донишҷӯёни тоҷик интихоби Украинаро барои таҳсил идома медиҳанд», – қайд кард дипломат.

Сафир ҳамчунин зикр кард, ки зимни таҳсил ба донишҷӯёни тоҷик «ихтисосҳои мароқовару техникии зарур барои иқтисоди Тоҷикистон» пешниҳод мешавад.

Ӯ қайд кард, ки соли 2015 барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Депропетровск, Одесса, Кривой Рог ва Харков квотаҳо ҷудо шуда буданд.

Ба гуфтаи сафир, айни замон дар макотиби олии Украина беш аз 400 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд. «Украина ба мисли Тоҷикистон меҳмонннавоз буда, он ҷо бо дӯстони тоҷики мо муносибати хуб доранд. Бо истифода аз фурсати қулай, бори дигар донишҷӯёни тоҷикро ба мактабҳои олии кишварам даъват мекунам», – афзуд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Як сокини Кӯлоб барои содир кардани чанд ҷиноят 23 сол равонаи зиндон шудааст

Аз ҷумла ӯ, ба муомилоти беш аз 100 кг маводи мухаддир гунаҳкор дониста шуд.

Раиси Созмони истихбороти Сипоҳи посдорони Эрон ҳам дар пайи ҳамлаи Исроилу Амрико кушта шудааст

Ӯ соли гузашта пас аз кушта шудани Муҳаммад Козимӣ, раиси пешини Созмони иттилооти Сипоҳ ба ин мансаб таъин гардида буд.

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 60

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.