Киев ҷонибдори дубора роҳандозии хатсайри мустақими ҳавоӣ бо Душанбе

Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк изҳор дошт, ки кишвараш ҷонибдори ҳарчи зудтар дубора роҳандозӣ намудани хатсайри мустақими ҳавоӣ бо Тоҷикистон аст. Ӯ хотиррасон намуд, ки хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Киев ва Душанбе то моҳи феврали соли 2013 амал мекард. «Ширкати «Хатсайрҳои ҳавоии байнулмилалии Украина» аллакай чандин маротиба омодагии худро […]

ASIA-Plus



Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк изҳор дошт, ки кишвараш ҷонибдори ҳарчи зудтар дубора роҳандозӣ намудани хатсайри мустақими ҳавоӣ бо Тоҷикистон аст.

Ӯ хотиррасон намуд, ки хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни Киев ва Душанбе то моҳи феврали соли 2013 амал мекард.

«Ширкати «Хатсайрҳои ҳавоии байнулмилалии Украина» аллакай чандин маротиба омодагии худро ба оғози парвозҳои мустақим миёни Киев ва Душанбе бо шартҳои барои тарафайн судманд изҳор намуд ва мо тасмими ҷониби Тоҷикистонро дар мавриди иҷозат ба ширкатҳои мо ҷиҳати амалисозии чунин парвозҳо интизорем», – гуфт ӯ.

Сафир бар ин назар аст, ки дубора барқарор шудани хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни кишварҳои дӯст дар соли 2016 «бешакку шубҳа рӯйдоди муҳим хоҳад буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.