Гузориши ширкатҳои машғул ба омӯзиши геологӣ дар Тоҷикистон

Дар бинои Саридораи геология назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Саридора Ҷумъазода Мурод Хол бо иштироки намояндагони ширкатҳои хориҷию ватание, ки фаъолияташон ба омӯзиши геологӣ равона гардидаанд маҷлиси машваратӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Саридораи геология, дар маҷлис намояндагони «Газпром Эп Интернэшнл сервисиз Б,В» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶХММ «Бохтар Оперейтинг Компании Б, […]

ASIA-Plus



Дар бинои Саридораи геология назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Саридора Ҷумъазода Мурод Хол бо иштироки намояндагони ширкатҳои хориҷию ватание, ки фаъолияташон ба омӯзиши геологӣ равона гардидаанд маҷлиси машваратӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Саридораи геология, дар маҷлис намояндагони «Газпром Эп Интернэшнл сервисиз Б,В» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶХММ «Бохтар Оперейтинг Компании Б, В», ҶМСП « Сомон-ойл», ҶДММ «Эдго Энержи С.А», ки дар дар бахши омӯзиши геологии майдонҳои нафту газ машғули коранд, аз натиҷаҳои фаъолияташон гузориш доданд.

Ҳамчунин ҳисоботҳои намояндагони ҶДММ « ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ», ҶДММ Апрелевка», ҶДММ «Бунёд+АА» , ҶДММ «Эксимком», ҶДММ «Қулла»,ҶДММ «Сарват», ФШММ «С.А. Минералс» дар бахши тилло ва нуқра шунида шуд.

Гуфта мешавад, инчунин ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Чин», ҶММ ТА «Анзоб», ҶДММ «Камароб», ҶДММ «ВТИ-Помир» ва ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Индастриал» низ аз натиҷаҳои кор дар соли равон ва нақшаҳо дар соли оянда маълумот доданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ширкатҳои зикргардида аз натиҷаи корҳои иктишофи геологии дар соли 2015 иҷрошуда ҳисобот ва оид ба нақшаи корӣ барои соли 2016 гузориш доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.