Дар Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор намуданд, ки манфиатҳои толибон дар мубориза бар зидди «Давлати исломӣ» дар Афғонистон бо ҳадафҳои Русия ба ҳамдигар мувофиқанд.
«Манфиатҳои толибон дарвоқеъ ҳам бо ҳадафҳои мо мувофиқанд», – гуфтааст намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон ва директори департаменти ВКХ Русия Замир Кобулов дар мусоҳиба ба
«Интерфакс»
.
Зимни посух ба савол дар бораи имкони истифодаи толибон ҳамчун иттифоқчӣ дар мубориза бо созмони террористии «Давлати исломӣ», Кобулов қайд кардааст, ки «манфиатҳои толибон бидуни ҳавасмандсозӣ низ бо ҳадафҳои мо якхела мебошанд».
Ба гуфтаи ӯ, «толибон бидуни ишораи мо низ ба ин кор машғуланд, чунки эҳсос кардаанд, ки ДИИШ низ замоне чун «Ал-Қоида» онҳоро бо мақсадҳои фаромиллӣ, барои таъсиси халифат ва ҷиҳоди глобалӣ истифода бурданист». «Толибон инро эҳсос намуда, аллакай ба Давлати исломӣ ҷиддӣ мубориза мебаранд», – таъкид доштааст Кобулов.
Номбурда зикр кардааст, ки «толибони Афғонистону Покистон изҳор доштаанд, ки халифи худэълони «Давлати исломӣ» Абӯбакр ал-Бағдодӣ ва худи Давлати исломиро низ эътироф намекунанд. «Ин хеле муҳим аст», – таъкид доштааст намояндаи махсуси Русия.
Ӯ хотиррасон намудааст, ки «қаблан низ дар бораи мавҷуд будани робитаи Русия бо толибон дар масъалаи табодули маълумот» низ изҳори назар карда буд.
Дар робита ба ҳаллу фасли вазъи имрӯза дар Афғонистон Кобулов таъкид доштааст, ки Русия ҷонибдори бо роҳи сиёсӣ ба эътидол овардани вазъ дар ин кишвар аст.
Қобили зикр аст, ки соли 2003 Шӯрои амнияти СММ ҳаракати «Толибон»-ро террористӣ эътироф намуд. Ҳамон сол Русия низ ба ин монанд қарор қабул карда, бо қарори Суди олӣ аз 14 феврали соли 2003, ин ҳаракат ба рӯйхати дахлдори Русия шомил шуд.



