Тоҷикистон омӯзгорони ҳиндиро ба кор даъват мекунад

ASIA-Plus

Зимни мулоқоти вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Бираҷа Прасад ҷараёни амалисозии тавофуқҳои ҳосилшуда миёни кишварҳо дар соҳаи илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, Нурддин Саид қайд кардааст, ки дар асоси Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои техникиву иқтисодии Ҳиндустон оид ба мубодила дар соҳаи маориф […]



Зимни мулоқоти вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Бираҷа Прасад ҷараёни амалисозии тавофуқҳои ҳосилшуда миёни кишварҳо дар соҳаи илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, Нурддин Саид қайд кардааст, ки дар асоси Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои техникиву иқтисодии Ҳиндустон оид ба мубодила дар соҳаи маориф (ITEC), ҳамасола ҷиҳати омӯзиши забони англисӣ ва дигар ихтисосҳои техникиву иқтисодӣ барои даҳҳо муҳаққиқон, аспирантҳо, коромӯзон ва омӯзгорони тоҷик бурсияи таҳсилӣ ҷудо гардида, онҳо дар Ҳиндустон таҷриба меандӯзанд.

Вазири маориф ва илм қайд кард, ки айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон зиёда аз 140 нафар шаҳрванди Ҳиндустон таҳсил мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки барои қонеъ сохтани талаботи муассисаҳои таълимии типи нави кишвар ба омӯзгорони забони англисӣ ва фанҳои дақиқ, шумори муайяни омӯзгорони Ҳиндустонро Тоҷикистон барои кор ба ҷумҳурӣ даъват мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.

Иҷозатномаи сиёҳ кардани шишаи мошинро чӣ гуна онлайн гирифтан мумкин аст?

Акнун иҷозатномаро танҳо онлайн гирифтан мумкин аст. Кӯшиш кардем, ҷараёни гирифтани онро шарҳ диҳем.

Эрон пешниҳоди Амрико дар бораи оташбаси муваққатиро рад карда, барои хатми ҷанг тарҳи худро пешниҳод кардааст

Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳо ба минтақаҳои якдигар идома дошта, танҳо дар рузи гузашта аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта шудаанд.

Тоҷикистон ба татбиқи рақамисозии иқтисод идома медиҳад. Дар барномаи нав чӣ гуфта шудааст?

Ҳукумат "Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026-2030"-ро тасдиқ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 61

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.