Тасдиқи Шартнома оид ба минтақаи савдои озоди ИДМ

Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи дуюми маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум масъалаи тасдиқи Шартнома дар бораи минтақаи савдои озоди Иттиҳоди Давлатҳои мустақил баррасӣ мешавад. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шартномаи мазкур санаи 18 октябри соли 2011 аз ҷониби сарони 8 кишвари узви Иттиҳод […]



Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи дуюми маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати панҷум масъалаи тасдиқи Шартнома дар бораи минтақаи савдои озоди Иттиҳоди Давлатҳои мустақил баррасӣ мешавад.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шартномаи мазкур санаи 18 октябри соли 2011 аз ҷониби сарони 8 кишвари узви Иттиҳод – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Русия ва Украина ба имзо расида буд.

Дар он бекор шудани боҷҳои гумрукӣ барои воридот ва ҳамчунин даст кашидан аз истифодаи тадбирҳои техникиву санитарӣ ва фитосанитарӣ ба сифати монеъаҳои савдо пешбинӣ шуда буд. Санаи 31 майи соли 2013 дар бораи истифодаи Шартнома оид ба минтақаи савдои озод миёни ҷонибҳои он ва Ӯзбекистон ба имзо расид.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ВАО-и Русия, Думаи давлати ин кишвар дар ҷаласаи рӯзи 22 декабр дар бораи мутаваққиф сохтани амали Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод бо Украина қонун қабул намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.