Ҳалокати 1 зан бар асари сӯхтор дар бинои баландошёна

Соати 07:05-дақиқаи рӯзи 29 декабри соли 2015 дар бинои истиқоматии баландошёна, воқеъ дар кӯчаи Шотемур 25-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, фавран ба ҷойи ҳодиса 5 адад нақлиётҳои асосиву махсуси оташнишонӣ сафарбар карда шудаанд. Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ муайян […]

ASIA-Plus



Соати 07:05-дақиқаи рӯзи 29 декабри соли 2015 дар бинои истиқоматии баландошёна, воқеъ дар кӯчаи Шотемур 25-и ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, фавран ба ҷойи ҳодиса 5 адад нақлиётҳои асосиву махсуси оташнишонӣ сафарбар карда шудаанд. Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани ҳайати шахсии Хадамоти давлатии оташнишонӣ муайян карда шуд, ки дар ҳуҷраи № 57-и ошёнаи 10-уми бинои истиқоматӣ сӯхтор ба амал омада, дар дохили он соҳибхоназан Раҳимова Суфия Зикриолоевна соли таваллудаш 1970, духтараш Раҳимова Суман соли таваллудаш 1995 ва писари соҳибхоназан Ҳаётов Мустафо соли таваллудаш 2010 мондаанд.

Бо назардошти вазъияти ба амал омада, аз ҷониби роҳбарияти СХДО ВКД қувваву воситаҳои асосӣ дар як вақт барои наҷоти одамон ва пешгирии роҳҳои паҳншавии оташу хомӯш намудани сӯхтор сафарбар карда шуда, ҳамзамон ба ҷойи ҳодиса кормандони тиб, милитсия, БДА ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор даъват карда шуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврии оташнишонӣ аз дохили ҳуҷраи оташгирифта, соҳибхоназан бо фарзандонаш ба ҷойи бехавф бароварда шуда, соҳибхоназан аз ҷониби кормандони милитсия ба беморхона дастрас карда шуд. Сӯхтори ба амал омода бошад, дар масоҳати 3 метри мураббаъ, бепаҳншавӣ ба дигар ҳуҷраҳои зисти шаҳрвандон, дар соати 07:37-дақиқа хомӯш карда шуд.

Мувофиқи иттилои кормандони беморхона соҳибхоназан Раҳимова С.З. дар натиҷаи заҳролудшавии зиёд аз дуди ғализ, ба ҳалокат расидааст. Бино ба иттилои мутахассисони ХДО ВКД сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар барқтақсимкунаки дохили ҳуҷраи зист буда, зарар аз сӯхтор муайян карда мешавад.

Бояд қайд кард, ки аз сӯхтор фарзандони соҳибхоназан ягон осеб надидаанд ва вазъи саломатиашон айни ҳол хуб мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.