Дархости Бонки миллӣ барои худдорӣ аз муомилоти ғайрирасмӣ бо асъори хориҷӣ

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон аз аҳолии ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки аз анҷом додани муомилоти ғайрирасмӣ бо асъори хориҷии нақд худдорӣ намоянд.

Ҳамчунин даъват мешавад, ки оид ба ҳар як ҳодиса ва ҳолатҳои риоя нашудани тартиби нави хариду фурӯши асъори хориҷии нақд, дар муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ, бевосита ба масъулин ва роҳбарони аввали муассиса ва ё саридораи ташкилотҳои қарзӣ муроҷиат карда шавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, аз мавриди амал қарор гирифтани Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” як моҳ сипарӣ гашта, тадриҷан тартиби нави гузаронидани амалиёти мубодилавӣ бо асъори нақди хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ҷорӣ мегардад.

Аз ҷумла, тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ба ваколати хазинаҳои амалиётӣ ва хазинадорони нуқтаҳои интиқоли пул, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиал ва саридораҳо вогузор гашта, онҳо ба низоми ягонаи электронии амалиётии ташкилоти қарзӣ пайваст карда шудаанд. Корҳои муайяни фаҳмондадиҳӣ, иттилоотӣ ва ташвиқу тарғиботӣ оид ба фаъолияти низоми нав бо мизоҷон ва аҳолӣ гузаронида мешаванд ва маълумот оид ба суроғаи муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва номгӯи амалиётҳои аз ҷониби онҳо анҷом додашаванда дар сомонаҳо ҷойгир карда шудааст.

Мутаассифона, аз вазъи ноустувори бозори дохилии асъор, тағйирёбии номуътадили қурби пули миллӣ ва вуҷуд доштани фарқияти назарраси қурбҳои мубодилавӣ истифода бурда, дар баъзе ҳолатҳо, бархе аз кормандони муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеии алоҳида, даст ба қонуншиканӣ зада, тартиби нави анҷом додани амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷии нақдро риоя намекунанд.

Хотиррасон менамоем, ки хариду фурӯши ғайрирасмӣ ва истифодаи асъори хориҷии нақд дар муомилоти дохилӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дошта, он нисбати ҳар ду тарафи муомила (харидор ва фурӯшанда) татбиқ карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки пас аз қатъи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор дар кишвар «бозори сиёҳи асъор» арзи вуҷуд кард, ки дар он воқеъан ҳам метавон асъори хориҷӣ ба даст овард, аммо қурбҳои «бозори сиёҳ» ва ташкилотҳои қарзӣ ба таври назаррас фарқ мекунанд.

Масалан, қурьи расмии пули тоҷикӣ нисбати доллари ИМА имрӯз дар сатҳи 7.28/1 муқаррар шудааст. Қурби муқарраркардаи ташкилотҳои қарзӣ 8,15 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, аммо возеҳан наметавон гуфт, ки бо ин қурб асъори амрикоиро дарёфт кардан имконпазир аст. Дар бозори сиёҳ қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА аз 8,30 то 8,40 сомониро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.