Русия ба аҳолии аз заминларза осебдидаи Тоҷикистон 32 тонна кумаки башардӯстона фиристод

Субҳи имрӯз бо ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба аҳолии аз заминларза осебдидаи ВМКБ 32 тонна кумаки башардӯстонаи ин кишвар ба Душанбе оварда шуд. «Имрӯз бо супориши ҳукумати Русия аз фурудгоҳи Раменскои вилояти Маскав ҳавопаймои Ил-76-и Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия бо кумаки башардӯстона ба аҳолии аз заминларза осебдидаи Тоҷикистон ба Душанбе парвоз кард, – хабар […]



Субҳи имрӯз бо ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба аҳолии аз заминларза осебдидаи ВМКБ 32 тонна кумаки башардӯстонаи ин кишвар ба Душанбе оварда шуд.

«Имрӯз бо супориши ҳукумати Русия аз фурудгоҳи Раменскои вилояти Маскав ҳавопаймои Ил-76-и Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия бо кумаки башардӯстона ба аҳолии аз заминларза осебдидаи Тоҷикистон ба Душанбе парвоз кард, – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз сафорати Русия дар Тоҷикистон. – Кумаки башардӯстона бо вазни беш аз 32 тонна аз нерӯгоҳҳои барқии сайёр, хаймаҳо ва кӯрпаву кампал иборат аст».

Ёдрас мекунем, ки санаи 7 декабри соли гузашта бар асари заминларзаи харобиовар дар қаламрави ВМКБ 1 ҳазору 327 манзил қисман ё пурра хароб гардида, 7 ҳазору 962 нафар маҷбур шуданд, ки манзилҳояшонро тарк кунанд.

Ҳамчунин аз ин заминларза иншооту зербинои муҳим, аз ҷумла роҳу муассисаҳои тиббӣ, мактабу нерӯгоҳҳои барқӣ низ осеб диданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.